Январ 22, 2023 09:58 Asia/Dushanbe
  • Сафири ҷадиди Эрон дар Кобул расман кори худро оғоз кард
    Сафири ҷадиди Эрон дар Кобул расман кори худро оғоз кард

Намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умури Афғонистон бо ҳифзи симат ва ба унвони сафири ҷадиди Эрон дар он кишвар расман оғоз ба кор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хурсон, сафорати Эрон дар Афғонистон дар паёми маҷози эълом кард Ҳасани Козимии Қумӣ, намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умури Афғонистон, ки бо ҳифзи симат ба унвони раиси ҷадиди сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул таъин шуда аст рузи шанбе вориди Кобул шуд ва расман оғоз ба кор кард.

Пеш аз ин Баҳодури Аминӣ сафири Эрон дар Афғонистон буд аз замони ба қудрат расидани муҷадади Толибон дар августи соли 2021 то кунун кишвари Афғонистон бо шароити бисёр душвори иқтисодӣ ба сабаби тамоюл надошани ҷомеъаи ҷаҳони барои шиносоӣ расмии ин гуруҳ ба рағбати ба ҳамкори бо ин кишвар муваҷаҳ шуда аст.

Вазъияти маъишатии мардуми Афғонистон ба шиддат дучори буҳрон шуд ва манобеъи молии мавриди ниёз барои воридоти колои асосӣ ба Афғонисон монанди биринҷ, гандум ва ҷав, ки ба табъи он камбуд ва қиматии маводи ғизоӣ дар бозорҳои ин кишвар рух дода аст сабаб шуд то амнияти ғизоӣ дар Афғонистон ба мухотира афтад ва ниҳодҳои ҳуқуқи башари дар бораи буҳрони инсонӣ ноши аз қаҳти ва гусруснагӣ барои миллионҳо нафар дар ин кишвар ҳушдор медиҳанд.