Сухангӯи давлати Эрон: Ҷасорат ба соҳати Қуръон тарвиҷи хушунат аст
Сухангӯи давлати Эрон ҷасорат ба соҳати Қуръон - китоби муқаддаси мусулмононро амале зиддиинсонӣ ва хилофи ҳуқуқи маънавии садҳо миллион мусулмон ва тарвиҷи хушунат хонд.
Алӣ Баҳодурии Ҷаҳрумӣ, сухангӯи давлати Эрон дар твитте навишт: Ҷасорат ба ҷойгоҳи Қуръон - китоби муқаддаси мусулмонон амале зиддиинсонӣ, хилофи ҳуқуқи маънавии садҳо миллион мусулмон ва тарвиҷи хушунат аст.
Баҳодурии Ҷаҳрумӣ афзуд: Ин иқдоми таассуфбори як воқеияти ғайриқобили инкор ҳам дорад ва он осори зарбаҳои Ғарб ба инсонияту ахлоқ бо тафсири маъюб аз мафоҳими волои озодӣ ва ҳуқуқи башар аст, ки рӯз ба рӯз бештар намоён мешавад.
Намояндагони Маҷлиси Шурои исломии Эрон ҳам дар ҷаласаи бози рӯзи чаҳоршанбеи маҷлис бо судури баёнияе дар маҳкумияти иҳонат ба соҳати муқаддаси Қуръони карим эълом карданд, давлатмардони Ғарб ба баҳонаи беасоси ҳимоят аз озодии баён, дасти аносири ифротгарову тундравро дар масири нафратпароканӣ зидди муқаддасот боз мегузоранду исломситезиву исломҳаросӣ дар ҷавомеи худро ниҳодина мекунанд.