Эрон иқдоми мусаллаҳона дар Сафорати ҷумҳурии Озарбойҷон дар Теҳронро маҳкум кард
(last modified Fri, 27 Jan 2023 11:51:30 GMT )
Январ 27, 2023 16:51 Asia/Dushanbe
  • \
    \"Расонаҳо аз интишори ахбори ғайримувассақу гумоназаниҳо дар бораи иҷтиноб кунанд\"

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар пайи иқдоми мусаллаҳонаи анҷомшуда дар вурудии Сафорати ҷумҳурии Озарбойҷон дар Теҳрон, ки муттаассифона, ба кушта шудани як нафар мунҷар шудааст, ин иқдомро шадидан маҳкум кард.

Ба гузориши Идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯи Вазорати умури хориҷа, Носири Канъонии Чофӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон зимни таслияту ибрози ҳамдардии амиқ бо хонаводаи узви кушташудаи сафорат ва низ давлату миллати ҷумҳурии Озарбойҷон афзуд: Неруҳои интизомӣ ва амниятӣ билофосила вориди амал шудаву фарди ҳамлакунандаро дастгир карданд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Бо дастури вижаи мақомоти сиёсиву амниятии Эрон мавзуъ бо авлавияту ҳассосияти боло дар ҳоли баррасӣ аст то абъоди ин иқдом ва ангезаи зориб мушаххас шавад.

Канъонии Чофӣ афзуд, натиҷаи баррасиҳои аввалияи мақомоту дастгоҳҳои зирабт, ҳокӣ аз ангезаҳои шахсии фарди зориб будааст ва бо тавваҷуҳ ба вуруди фаврии дастгоҳҳо ва ниҳодҳои зирабти интизомӣ, амниятӣ ва қазоӣ тавсия мешавад, расонаҳо аз интишори ахбори ғайримувассақу гумоназаниҳо дар бораи иҷтиноб кунанд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, иттилооти дақиқтар дар ин хусус бо такмили раванди баррасиҳо мунташир хоҳад шуд.