Январ 27, 2023 20:18 Asia/Dushanbe
  • Тими бонувони Эрон шанбе ба масофи Тоҷикистон меравад
    Тими бонувони Эрон шанбе ба масофи Тоҷикистон меравад

Тими миллии футзали занони Эрон дар аввалин дидори худ аз рақобатҳои футзали Осиёи Марказӣ ба пирӯзӣ расид.

Тими миллии футзали занони Эрон дар аввалин дидори худ аз рақобатҳои футзали Осиёи Марказӣ, мавсум ба КАФА имрӯз (ҷумъа) ба масофи Қирғизистон рафт ва панҷ бар сифр ба пирӯзӣ расид.

Миллипӯшони Эрон дар нимаи аввали ин дидор чаҳор гол ба самар расонданд.

Фариштаи Каримӣ (2 гол), Морол Туркмон ва Маҳсо Камолӣ голзанони Эрон дар нимаи аввал буданд.

Дар нимаи дувум ҳам Фотимаи Раҳматӣ панҷумин голи Эронро вориди дарвозаи Қирғизистон кард.

Тими Эрон дар дуюмин дидори худ фардо - шанбе ба масофи Тоҷикистон меравад.

Мусобиқоти КАФА аз имрӯз – ҷумъа, бо ҳузури тимҳои Эрон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон оғоз шудааст.

 

Барчасп