Амирабдуллоҳиён : Ҳамла ба сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон террористӣ набуд + видео
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Эрон террористӣ будани ҳамла ба сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷонро қавиян рад кард ва гуфт : Сирфан ин иқдом ангезаи шахсӣ доштааст.
Дар ҳамлаи рӯзи ҷумъа як фарди мусаллаҳ ба сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Теҳрон масъӯли нигаҳбонӣ сафорат ҷон бохт ва ду муҳофизи дигар захмӣ шуданд.
Ҳамлагар дар нахустин изҳори назари худ далоили шахсеро иллати ин ҳамла унвон кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён шомгоҳи ҷумъа пас аз аёдат аз маҷрӯҳони ҳодисаи ҳамла ба сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон ба ҳамроҳи раиси бемористони Шуҳадои Таҷриш ва сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорон ширкат кард.
Амирабдуллоҳиён дар ин нишаст бо баёни инки аз ибтидои ин ҳодиса раиси ҷумҳӯри Эрон дастури вижаи пайгирии ҳуқуқӣ ва қазоӣ ва амниятиро содир карданд, гуфт : Зориб сирфан ангезаи шахсӣ доштааст ва бахшҳои зирабт дар ҳоли пайгирии комил мавзӯ ҳастанд .
Ваӣ тахлияи сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Эронро такзиб кард ва гуфт : Талош мекунем сатҳи равобит ҳифз шавад, оромиши равонӣ ба муҳит бозгардад ва беҳтарин тасмим гирифта шавад .
Шаҳроми Аламдорӣ, раиси бемористони Шуҳадои Таҷриш ҳам дар ин нишасти хабарӣ ҳоли ду маҷрӯҳи ҳодисаро матлуб арзёбӣ кард ва афзуд : Ҳамаи мутахассисони барҷастаи беҳӯшӣ, ортопедия,ҷарроҳии манаҳ ва руй аз дигар бемористонҳои Теҳрон омаданд то беҳтарин хидматрасонӣ ироа шавад .
Алии Ализода, сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Теҳрон низ зимни қадрдонӣ аз пайгириҳои вазири хориҷаи Эрон ва аёдати вай аз маҷрӯҳони ҳодиса вазъияти маҷрӯҳонро хуб тавсиф кард .
Ализода хостори пайгирии авомили ин ҳодиса то касби натиҷаи ниҳоии он шуд .
Бештар бихонед :