Январ 30, 2023 20:58 Asia/Dushanbe
  • Медали биринҷии намояндагони Эрон дар тури ҷаҳонии тениси Киш
    Медали биринҷии намояндагони Эрон дар тури ҷаҳонии тениси Киш

Намояндагони Эрон дар тури ҷаҳонии тениси Киш ба мақоми севвум расиданд.

Ҳафтаи нахусти тури ҷаҳонии тенис бо қаҳрамонии варзишкорони аз Маҷористон ва Русия дар ду бахши писарон ва духтарон ҳамроҳ буд ва ду намояндаи Эрон низ дар ҷойгоҳи севвум истоданд.

Дар ин мусобиқот беш аз 120 тинсвар аз кишварҳои Полша, Маҷорисон, Туркия, Русия, Ҳинд, Узбакистон ва Эрон ҳузур доранд ва ба муддати 2 ҳафта дар бахши духтарон ва писарон бо ҳам дидор мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон охирин руз аз ҳафтаи нахусти рақобатҳои тури ҷаҳонии сатҳи 4 дар заминҳои маҷмуъаи олампики Киш баргузор шуд ва тенисварҳои ҳозир дар ин рақобатҳо барои касби унвонҳои бартар ба масофи ҳам рафтанд.

Дар финали ин рақобатҳо ва дар бахши писарон Лузон Гиюри аз Маҷористон бо сади Анскучу аз Туркия гузашт ва унвони қаҳрамониро аз он худ кард намояндаи Туркия дар ҷойгоҳи дувум истод ва Амирали Қавом аз Эрон ва Туно Койро аз Туркия низ муштаракан севвум шуданд.

Дар бахши духтарон Ово Хрусталова аз Русия дар муқобили Нисоҷон аз Туркия ба бартари расид ва бар сакуи нахуст истода тенисвари Туркия унвони ноибқаҳрамониро ба даст овард ва Дурсо Чароғи аз Эрон ба ҳамроҳи Зайнаби Арбакон дигар тенисвари турк унвони севвуми муштаракро касб карданд.

Барчасп