Ҳузури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ҳарами Имом Хумайнӣ ( с ) ва гулзори шуҳадои биҳишти Заҳро
(last modified 2023-01-31T07:20:04+00:00 )
Январ 31, 2023 12:20 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ҳарами Имом Хумайнӣ ( с ) ва гулзори шуҳадои биҳишти Заҳро

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон ёду хотираи имоми азимуш-шаъни миллати Эронро гиромӣ доштанд .

Дар остонаи айёмуллоҳи даҳаи Фаҷр ва чиҳилу чаҳорумин солрӯзи пирӯзии шукӯҳманди Инқилоби исломӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ- раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар нахустин соъоти субҳи имрӯз ( сешанбе ) дар ҳарами мутаҳҳари бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон ҳозир шуданд ва бо қироъати намозу Қуръон ёду хотираи имоми азимуш-шаъни миллати Эронро гиромӣ доштанд .
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин бо ҳузур бар мазори шаҳидони олимақом Биҳиштӣ,Раҷоӣ,Боҳунар ва шуҳадои ҳодисаи ҳафтуми тири 1360, улуви дараҷоти ононро аз Худованди мутаъол масъалат карданд .

Image Caption

Раҳбари инқилоб сипас дар гулзори шуҳадо ҳузур ёфтанд .
Рӯзи чаҳоршанбе 12 баҳман 1401 ҳиҷрии шамсӣ баробар бо аввали феврали 2023 милодӣ, оғози даҳаи мубораки фаҷри Инқилоби исломии Эрон аст .
44 соли пеш дар чунин рӯзе, дувоздаҳуми баҳмани соли 1357 ҳиҷрии шамсӣ ( якум феврали 1979 ) ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон пас аз понздаҳ соли дурӣ ва табъид аз ватан, дар миёни истиқболи пуршӯри мардум қадам ба хоки Эрони исломӣ гузоштанд .
Пас аз гузашти даҳ рӯз аз вуруди ишон ба Эрон дар рӯзи 22 баҳмани соли 1357 ( 11 феврали соли 1979 ) инқилоби шукӯҳманди исломии Эрон ба пирӯзӣ расид .
Ба ҳамин далел аз рӯзи дувоздаҳуми баҳман, яъне рӯзи вуруди Имом Хумайнӣ ( раҳ ) ба Эрон то бисту дувуми баҳман, ки рӯзи пирӯзии Инқилоби исломӣ аст " даҳаи Фаҷр " номгузорӣ шудааст ва ҳар сол ҷашнҳову маросими вижаи пирӯзии инқилоби исломӣ дар ин айём баргузор мешавад.

 

Барчасп