Амир Абдуллоҳиён: Эрон ба субот ва амнияти Африқо кумак мекунад
(last modified Wed, 01 Feb 2023 06:41:17 GMT )
Феврал 01, 2023 11:41 Asia/Dushanbe
  • Амир Абдуллоҳиён: Эрон ба субот ва амнияти Африқо кумак мекунад
    Амир Абдуллоҳиён: Эрон ба субот ва амнияти Африқо кумак мекунад

Вазири умури хориҷаи Эрон дар дидори раисҷумҳӯри Мауритания гуфт, Эрон дар хатти муқаддам мубориза бо терроризм қарор дорад ва ба суботи амнияти минтақаи Африқо кумак мекунад.

Ба гузориши Садои Хуросон, Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон сешанбе шаб пас аз дидори Муҳаммадвалади Ғазвонӣ раисҷумҳӯри Мауритания дар ҷамъи хабарнигорон, ин дидору гуфтугӯҳоро бисёр созанда унвон кард ва афзӯд, дар ин дидор ҳамчунин фурсете фароҳам шуд то дар хусуси мавзӯъоти дуҷониба, минтақаӣ ва байналмиллалӣ аз наздик бо дидгоҳҳои  раисҷумҳӯрии Мауритания ошно шавам.

Амири Абдуллоҳиён бо қадрдонӣ аз талошҳои созанда ва арзишманди раисҷумҳӯрии Мауритания дар пайгирии ибтикори амали мубориза бо терроризм ва тақвияти сулҳ ва амнияти пойдор дар саҳрои ғарбӣ тасреҳ кард, Ҷумҳӯрии Исломии Эрон аз субот ва амнияти минтақаии қораи Африқо ва низ барои расидан ба ҷаҳони амн ва оромиш ҳимоят мекунад.

Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон шомгоҳи сешанбе вориди пойтахти Мауритания шуд ва мавриди истиқболи вазири умури хориҷаи ин кишвар қарор гирифт.