Феврал 04, 2023 20:35 Asia/Dushanbe
  • Шурӯи муқтадиронаи фарангикорони Эрон дар рӯзи дуввуми мусобиқоти Загреб

Се фарангикори куштини Эрон дар рӯзи дувуми мусобиқоти Загреб рақобатҳои худро бо пирӯзӣ оғоз карданд.

Рӯзи чаҳоруми мусобиқоти куштини раддабанди Загреб бо рақобатҳои вазнҳои 63 ва 67 килограми куштини фарангӣ барои намояндагони Эрон дар ҳоли пайгирист. Имрӯз шанбе, Имони Муҳаммадӣ ва Орифи Муҳаммадӣ дар вазни 63 килограм ва Донёли Сӯҳробӣ ва Ризо Аббосӣ дар вазни 67 килограм ба майдони мусобиқа рафтанд. Рӯзи гузашта (ҷумъа) фарангикорони Эрон муваффақ ба касби се медол аз ин мусобиқот шуданд.

Муҳаммадалӣ Гароӣ медоли тилло, Носири Ализода медоли нуқра ва Эмини Ковиёниажод медоли бурунз касб кард. Дар поёни рақобатҳои риштаи озод низ Ҳасани Яздонӣ, Ризо Атрӣ, Амирҳусайни Зореъ ва Алии Саводкӯҳӣ медоли тилло касб карданд. Юнуси Имомӣ ва Амиралии Озарпиро низ ба медоли нуқра расиданд.

Мусобиқоти куштини озоди Загрбе дувум ва сеюми феврал баргузор ва тими мунтахаби куштини озоди Эрон ба унвони ноибқаҳрамонӣ расид.

 

Барчасп