Феврал 05, 2023 10:13 Asia/Dushanbe
  • Дидори Амир Абдуллоҳиён бо раиси Ҷумҳурии Кубо
    Дидори Амир Абдуллоҳиён бо раиси Ҷумҳурии Кубо

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон шомгоҳи шанбе пас аз расидан ба Гавана пойтахти Кубо бо раиси ҷумҳурии ин кишвар дидору гуфтугу кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён ва Мигел Диас-Канел дар мавриди масоили дуҷониба ва байналмилали дидору гуфтугу карданд.

Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён шомгоҳи шанбе вориди Гавана пойтахти Кубо шуд ва мавриди истиқболи мудири кулли байналмилалии Вазорати хориҷаи Кубо қарор гирифт.

Амир Абдуллоҳиён дар ин сафар ҳамчунин қарор аст бо вазири хориҷаи Кубо дидору гуфтугу кунад.

Раиси дастгоҳи дипломосии Эрон ва ҳайати ҳамроҳ пеш аз ин дар сафар ба Никарагуа ва Венесуэла бо мақомоти ин кишварҳо дар бораи роҳҳои густариши муносибот ба вижа ҳамкориҳои иқтисодӣ ба ройзани пардохтанд.

Амир Абдуллоҳиён қабл аз он ҳам сафари кутоҳи ба Мавритания дошт ва бо раиси ҷумҳур ва вазири хориҷаи ин кишвари африқоӣ воқеъ дар шимоли ғарби Африқо низ дидору гуфтугу кард.

Барчасп