Феврал 05, 2023 12:12 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Хуӣ
    Сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Хуӣ

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Рафъи мушкилоти зилзилазадагони Хуӣ вазифаи давлат ва масъулон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ рузи якшанбе дар ҷамъи мардуми зилзилазадаи сокинон дар урдугоҳи шаҳраки Валиасри Хуӣ афзуд: Барои расидагӣ ба мушкилоти мардуми минтақа ва баррасии ҳузури, имруз дар ҷамъи мардуми ин шаҳристон ҳозир шудам.

Вай бо ишора ба ин ки гузоришҳои мустамар дар хусуси вазъияти зилзилазадагон аз сӯи муъовини аввали раиси ҷумҳур, вазирони ҳозир дар минтақа ва масъулони устониро дарёфт кардам гуфт: Эҳсосам ин буд, ки худам биёям ва аз наздик вазъият ва шароитро бубинам.

Раиси ҷумҳур афзуд: Мушкилоти минтақа ҳатман бояд зуд ҳал шавад ва бояд ҳамаи тавон ин мушкилотро бартараф кунем то мардум инҷо бештар дучори мушкил нашаванд.

Раисӣ идома дод: Ончи ки аз мар барояд пайгири мекунам албата мардуми минтақа ҳам бо сабури хабарҳои дуруғро пуштисар бигзоранд ва ба ин хабарҳои беасос ки мехоҳанд дили мардумро холи кунанд тававҷуҳ накунанд.

Барчасп