Декабр 15, 2016 10:16 Asia/Dushanbe
  • Теҳрон мизбони 30-умин давраи Конфронси байналмилалии “Ваҳдати исломӣ”

30-умин давраи конфронси байналмилалии “Ваҳдати исломӣ”, аз имрӯз (панҷшанбе) ба муддати се рӯз дар Теҳрон оғоз ба кор мекунад.

    30-умин давраи конфронси байналмилалии “Ваҳдати исломӣ” ба муддати 3 рӯз ва бо мавзӯи «Ваҳдат ва зарурати муқобила бо ҷараёнҳои такфирӣ», дар Теҳрон баргузор мешавад ва аъзои маҷмааи умумии Маҷмааи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ ва мутафаккирони беш аз 50 кишвари ҷаҳон аз ҷумла Малайзия, Русия, Индонезия, Ироқ, Лубнон, Таиланд, Алҷазоир, Англия, Амрико, Австралия, Тунис, Чин ва Миср дар ин конфронс ҳузур доранд.

   Нақши ҷараёнҳои такфирӣ дар тафриқаандохтан байни сафҳои мусулмонон, зарурати муқобила бо ҷараёнҳои такфирӣ дар масири таҳаққуқи ваҳдати уммат, нақши истеъмор дар таҷзияи ҷаҳони Ислом тавассути ҷараёнҳои такфирӣ, хатари ҷараёнҳои такфирӣ барои зинда будани масъалаи Фаластин, хатари ҷараёнҳои такфирӣ бар сарироҳи басиҷи уммат барои озодии Фаластин, баҳрабардории душмани саҳюнистӣ аз ҷараёнҳои такфирӣ аз ҷумлаи меҳварҳои ин конфронс дар Теҳрон аст.

   Меҳмонони хориҷии ширкаткунанда дар ин конфронси байналмилалӣ, чаҳоршанбешаб бо ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ (раҳ) бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон ба мақоми шомихи эшон адои эҳтиром карданд.

   Оятуллоҳ Муҳсини Арокӣ, дабири кулли Маҷмааи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ, рӯзи сешанбеи гузашта дар нишасти хабарӣ, баргузории конфронси байналмилалии “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳронро, намоде аз ваҳдати ҷаҳони Ислом муқобил душманон дониста буд.

   Оятуллоҳ Муҳсини Арокӣ таъкид кард, тавтеаи душманон дар роҳандозии ҷанги фирқаӣ дар байни кишварҳои исломӣ бо шикаст рӯбарӯ шудааст.

   Аҳли суннат, 12-уми моҳи рабеъулавал ва шиаён 17-уми ин моҳро солрӯзи вилодати Паёмбари гиромии Ислом (с) ме‎донанд. Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳадафи тақвияти ваҳдати ҷаҳони Ислом, фосила байн ин ду таърих ( 12 то 17 рабеъулавал)-ро “Ҳафтаи ваҳдат” ном‎гузорӣ карданд.

 

Барчасп