Боқирии Канӣ: Ҷумҳӯрии Исломии Эрон бо вуҷӯди фишори ҳадди аксарӣ ва таҳрим дастовардҳои фаровонеро касб кардааст
(last modified 2023-02-08T06:07:46+00:00 )
Феврал 08, 2023 11:07 Asia/Dushanbe
  • Боқирии Канӣ: Ҷумҳӯрии Исломии Эрон бо вуҷӯди фишори ҳадди аксарӣ ва таҳрим дастовардҳои фаровонеро касб кардааст
    Боқирии Канӣ: Ҷумҳӯрии Исломии Эрон бо вуҷӯди фишори ҳадди аксарӣ ва таҳрим дастовардҳои фаровонеро касб кардааст

Муъовини вазири умури хориҷаи Эрон дар маросими солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ дар Лубнон гуфт: Ҷумҳӯрии Исломии Эрон пас аз 44 сол таҳрим ва фишори ҳадди аксарӣ, дастовардҳои фаровонеро ба даст овардааст.

Ба гузориши Садои Хуросон, Али Боқирии Канӣ, муъовини вазири умури хориҷаи Эрон дар маросисми чиҳилучаҳорумин солгарди пирӯзии инқилоби силомии Эрон дар Лубнон афзӯд: Ҷумҳӯри Исломии Эрон ҳамвора дар канори мардуми Лубнон дар баробари терроризми давлатӣ ва режими саҳюнистӣ хоҳад истод. Муъовини вазири умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард: Муқовимати мардуми Лубнон дар баробари режими саҳюнистӣ боис шуд, ки Лубнон намунаи бориз аз муқовимат дар баробари зулм бошад. "Алӣ Боқирии Канӣ" муъовини вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе вориди  Бейрут пойтахти Лубнон шуд ва қарор аст дар ин сафар бо мақомоти сиёсии Лубнон ва раҳбарони гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ  дидор ва гуфтугӯ кунад. Муъовини вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар маросими солрӯзи пирӯзии инқилобии исломӣ ва ифтитоҳи сохтмони ҷадиди сафорати Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Лубнон ширкат хоҳад кард.

Бештар бихонед:

Барчасп