Фаҷр 44: Намоиши қудрати мушакӣ дар Исфаҳон
Намоишгоҳи тавонмандӣ ва дастовардҳои нерӯи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба муносибати Даҳҳаи Фаҷр солрӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ дар шаҳри Исфаҳон баргузор шудааст.
Ба гузориши Садои Хуросон, намоишгоҳи дастовардҳои нерӯи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони инқилоби силомӣ наздики Гулистони шуҳадои Исфаҳон барпо шуда ва то 16 феврал 2023 идома дорад ва бо боздиди хуби мардуми Исфаҳон рӯ ба рӯ шудааст.
Нерӯи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар арсаи ҳавоӣ муваффақиятҳои хубе касб карда ва бо ин тавонмандиҳо, амнияти ҳавоии Эрон беш аз пеш тақвият шудааст.
Муваффақият ва пешрафти дифоӣ, мушакӣ ва падофандии Эрон пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ чашмгир буда ва ин ҳавза ба яке аз муалифаҳои қудратманди иқтидори миллии Эрон табдил шудааст.
Бештар бихонед: