Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ : Инқилоби исломӣ фурӯғи умедро ба колбуди мусулмонону мустазъафони ҷаҳон дамид
(last modified 2023-02-08T13:36:17+00:00 )
Феврал 08, 2023 18:36 Asia/Dushanbe
  • Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ : Инқилоби исломӣ фурӯғи умедро ба колбуди мусулмонону мустазъафони ҷаҳон дамид

Маҷлиси хубрагони раҳбарии Эрон дар остонаи чиҳилу чаҳорумин соли пирӯзии Инқилоби исломӣ бо судӯри баёнияе эълом кард: Инқилоби исломии Эрон фурӯғи умедро ба колбуди мусулмонону мустазъафони ҷаҳон дамид .

Шанбеи 22 баҳмани 1401 мусодиф бо 11 феврали 2023 чиҳилу чаҳорумин солгарди пирӯзии Инқилоби исломии Эрон аст .
Инқилоби исломии Эрон 11 феврали 1979 ба раҳбарии ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) ба пирӯзӣ расид .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,ҷаласаи хубрагони раҳбарии Эрон дар ин баёния зимни табрики айёмуллоҳи даҳаи Фаҷр тасреҳ кард даҳаи мубораки фаҷру явмуллоҳи 22 баҳман ёдовари муҷоҳидату исори миллати Эрону пирӯзии инқилоби исломӣ ба раҳбарии Имом Хумайнӣ ( раҳ ) ва ҷонфишонии шаҳидони сарафрози ин сарзамин аст .
Ин баёния меафзоед наҳзати Имом Хумайнӣ ба унвони як таҷрибаи навин сароғози бедорӣ дар баробари ситамгарон ва мӯҷиби қатъи дасти истикбори ҷаҳонӣ ба сардамдории Амрикои таҷовузкор аз Эрони исломӣ будааст .
Дар ин баёнияи тасреҳ шудааст Инқилоби исломии Эрон фурӯғи умеду гармии ҳаётро ба колбуди сарди мусулмонону мустазъафони ҷаҳон дамиду таҷрибае тоза аз ҳукумати динии ҳамроҳ бо арзишҳое монанди адолат, истиқлол, озодӣ ва мардумсолории диниро ба башарият арза кард .
Маҷлиси хубрагони раҳбарии Эрон дар ин баёния таъкид кард мардуми Эрон бо ширкати якпорча дар роҳпаймои 22 баҳман  бори дигар нишон хоҳанд дод фидокорона бар аҳду паймони худ бо шуҳадои воломақом ва Имоми Хумайнӣ ( раҳ ) вафодор буда ва дар ҳеҷ шароите дар баробари зӯргӯёни олам ба вижа шайтони бузург - Амрикои ҷинояткор аз низоми муқаддаси Ҷумҳурии исломӣ ва ормонҳои он даст нахоҳанд кашид .

 

Барчасп