Феврал 10, 2023 20:00 Asia/Dushanbe
  • Гиромидошти 44-умин солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ дар Русия

Маросими гиромидошти 44-умин солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ дар Русия баргузор шуд.

Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон ва Александр Новак, муовини нахуствазири Русия, суханронони маросими 44-умин солгарди пирӯзии Инқилоби исломии Эрон дар Маскав буданд, ки рӯзи панҷшанбе бо ҳузури садҳо нафар аз мақомоти олирутбаи лашкарӣ ва кишварии Русия ва сафирои кишварҳои мухталифи мустақар дар ин кишвар баргузор шуд.

Александр Новак, муовини нахуствазир ва раиси Камиссиони муштараки иқтисодии Эрону Русия, Андрей Фурсенко, дастёри раиси ҷумҳури Русия дар умури илму фанноварӣ, Игор Левитин, дастёри раисиҷумҳури Русия дар умури иқтисоду энержӣ, генерал Александр Фомин, муовини вазири дифои Русия, раисони ҷумҳуриҳои худмухтори Русия, устондорон, муовинони чанд вазоратхонаи иқтисодӣ ва садҳо нафар аз шахсиятҳои барҷастаи русӣ бо ҳузур дар ин маросими бошукӯҳ, фарорсидани 44-умин солгарди пирӯзии Инқилоби исломиро ба сафири Эрон табрик гуфтанд.

 

Барчасп