Шашумин ҳавопаймои кумакҳои Эрон ба Сурия расид
(last modified Fri, 10 Feb 2023 16:54:30 GMT )
Феврал 10, 2023 21:54 Asia/Dushanbe
  • Шашумин ҳавопаймои кумакҳои Эрон ба Сурия расид

Шашумин ҳавопаймои ҳомили кумакҳои инсондӯстонаи Ҷумҳурии исломии Эрон ба мардуми зилзилазадаи Сурия бомдоди ҷумъа дар фурудгоҳи Лозиқия ба замин нишаст.

Алиризо Фадавӣ, ройзани фарҳангии Эрон дар Лозиқия дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфт, дуввумин ҳавопаймои ҳомили кумакҳои инсондӯстонаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар се рӯзи ахир шомили 19 тон анвоъи кумакҳо ба мардуми зилзилазадаи шимоли ғарби Сурия ворид ба Лозиқия расидааст.

Пеш аз ин низ ду маҳмӯлаи кумакҳои ҳавоии Ҷумҳурии исломии Эрон ба Димишқ ва ду маҳмӯла низ ба Ҳалаб ирсол шуда буд, ки бо ирсоли дувумин ҳавопаймо ба Лозиқия, теъдоди ҳавопаймоҳои эъзомии кумакҳои Ҷумҳурии исломии Эрон ба Сурия дар се рӯзи ахир ба шаш фарванд расид.