Канъонӣ: Ғарбиҳо аз бозгашт ба тавофуқ иҷтиноб карданд
(last modified Sun, 12 Feb 2023 09:03:37 GMT )
Феврал 12, 2023 14:03 Asia/Dushanbe
  • Канъонӣ: Ғарбиҳо аз бозгашт ба тавофуқ иҷтиноб карданд
    Канъонӣ: Ғарбиҳо аз бозгашт ба тавофуқ иҷтиноб карданд

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба таҳияи пешнависи тавофуқҳо дар даври ҷадиди музокироти ҳастаӣ гуфт ғарбиҳо аз бозгашт ба тавофуқ иҷтиноб карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Носири Канъонӣ, сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар ҷамъи пуршури мардуми Домғон, ки дар роҳпаймои 22 баҳмани ин шаҳр ширкат карда буданд изҳор кард, дар даври ҷадиди музокироти ҳастаӣ низ бадқавли ва бадаҳди тарафи музокиракунанда мушоҳида шуд.

Канъонӣ афзуд: Аврупоиҳо дар ҳоле, ки тавофуқи мади назар дар масири ниҳои шудан қарор дошт ва дар ҳосил шудани натиҷа буд роҳи дигареро пеш гирифтанд.

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки амрикоиҳо низ дар ин байн ҳамвора талош карданд то бархилофи таъаҳудоти амалшуда пеш раванад таъкид кард ин амр дар раванди БарҶом низ мушоҳида шуд зеро онҳо бар хилофи имзояшон таъаҳуди комили худро дар ин тавофуқнома ба сурати яктарфа нодида гирифтанд.

Канъонӣ ҳамчунин бо ишора ба таҳримҳои ғарб зидди миллати Эрон таъкид кард: Таҳримҳои ҷаҳони ғарб зидди миллати Эрон дар солҳои баъд аз пирузии инқилоби исломӣ ҳамвора ба баҳонаҳои мухталиф аз ҷумла фаъолиятҳои ҳастаӣ Эрон эъмол шуд ва онҳо ба таъбири худ талош карданд то иқдомоти фалаҷкунанда ва бесобиқаро зидди низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон анҷом диҳанд.