Амалиёти кардани тавофуқи ҷомеъи Эрон ва Чин дар сафари раисҷумҳӯр ба Пекин
(last modified Mon, 13 Feb 2023 07:16:54 GMT )
Феврал 13, 2023 12:16 Asia/Dushanbe
  • Амалиёти кардани тавофуқи ҷомеъи Эрон ва Чин дар сафари раисҷумҳӯр ба Пекин
    Амалиёти кардани тавофуқи ҷомеъи Эрон ва Чин дар сафари раисҷумҳӯр ба Пекин

Муъовини сиёсии дафтари раисҷумҳӯрии Исломии Эрон, бо ишора ба сафари раисҷумҳӯр ба Пекин таъкид кард: Дар ин сафар меконизмҳои амалиётӣ кардани тавофуқи ҷомеъи Эрон ва Чин ниҳоӣ мешавад.

Сайид Иброҳими  Раисӣ, раисҷумҳӯри Исломии Эрон, дар посӯх ба даъвати расмии Ши Ҷинпинг раисҷумҳӯри Чин имрӯз ( душанбе) 13-уми феврали 2023 дар садри ҳайави баландпояи сиёсӣ ва иқтисодӣ   барои дидор расмии се рӯза озими Пекин пойтахти Чин хоҳад шуд.

Раисҷумҳӯр дар ин сафар аз истиқболи расмии ҳайатҳои чинии худ, ибтидо дидори хусусӣ бо Ши Ҷинпинг хоҳад дошт ва сипас музокироти ҳайатҳои оли рутбаи дукишвар ва низ маросими имзои асноди ҳамкорӣ, дар ҳузӯри руасои ҷумҳӯри дукишвар баргузори хоҳад шуд.

Дукишвар гомҳои баланде барои иҷрои барномаҳои ҷомеъи муштараки 25 солаи Эрон ва Чин бардоштаанд ва сатҳи муносиботи сиёсӣ ва иқтисодӣ дар олитарин сутуҳ қарор дорад.

Чин, бузугтарин шарики тиҷории Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ба шумор меравад.

Муҳаммад Ҷамшедӣ муъовини сиёсати дафтари раисҷумҳӯри Исломии Эрон, дар мавриди сафари " Сайид Иброҳим Раисӣ" раисҷумҳӯр ба Чин гуфт: Ба дунболи ҳамкориҳои густардаи иқтисодӣ бо Чин ҳастем, ки бастари он санади мушорикатии ҷомеъи роҳбӯрдии Эрон ва Чин аст.

Ба гузориши Ирно "Ҷамшедӣ" афзӯд: Аҳдофи ин сафар, ҳам дар буъди иқтисодӣ ва ҳам дар буъди сиёсӣ ва роҳбурдӣ аст.

Муъовини сиёсии дафтари раисҷумҳӯрии  Исломи Эрон, ҳамчунин гуфт: Роҳбурди давлат сиёсати ҳамгароии иқтисодӣ бо тамаркуз бар ҳавзаи Осиё аст, ки мавриди таваҷӯҳи  ҷиддӣ аст.

Бештар бихонед: