Феврал 20, 2023 15:21 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Эрон ва Чин барои ҳазфи доллар ва анҷоми мубодилоти тиҷорӣ бар пояи риёл-юан
    Тавофуқи Эрон ва Чин барои ҳазфи доллар ва анҷоми мубодилоти тиҷорӣ бар пояи риёл-юан

Муовини байналмиллалии Бонки марказӣ аз тавофуқи байни Эрон ва Чин барои ҳазфи доллар ва анҷоми мубодилоти тиҷорӣ бо арзҳои миллӣ хабар дод.

Эрон ва Чин дар солҳои гузашта равобити худро дар се сатҳи калон  "сиёсӣ-иқтисодӣ, амнияти дифоъӣ, жеополетик ва стратежик" густариш додаанд ва имзои санади  роҳбӯрдии 25 сола гоми муҳиме дар ҷиҳати такмили ин раванд буд.

Ба гузориши хабаргузори Форс,  Муҳсен Мулло Каримӣ, муовини Бонки маркии Эрон рӯзи душанбе дар ҳошияи нуҳумин ҳамоиши бонкдории диҷитол дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба тавофуқи бонки байни Эрон ва Чин дар ҷараёни сафари ахири Раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ба Пекин афзӯд: Тавофуқи бонки байни Эрон ва Чин анҷом ва ҳазфи доллар аз  мубодилоти  тиҷории  дукишвар дар дастури кор қарор гирифтааст.

Муовини байналмиллалии Бонки марказии Эрон тасреҳ кард, интисоли сомонаи бонкҳои Эрон бо теъдоде аз бонкҳои кишварҳои тарафи мубодилоти Эрон аз ҷула Русия аз тариқи сомонаҳои бумӣ дар дастури кор қарор дорад ва дигар барои табодулоти бонки бо Русия ниёз ба паёмрасонии СВИФТ нест.

Каримӣ таъкид кард: Бонкҳои Эрон ва Русия дар мубодилоти тиҷорӣ бо паёмрасониҳо бумӣ ва миллӣ иртибот барқарор мекунанд ва ниёз ба СВИФТ дар муботилоти тиҷори Русяи рафъ шудааст. Сайид Иброҳими Раисӣ, Раис Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ба даъвати расмиии Раис Ҷумҳӯри Чин сешанбе чаҳордаҳуми феврал ба ин кишвар сафар ва бо Раис Ҷумҳӯрӣ, нахуствазир ва раиси Конгреси миллии халқи Чин дидор  ва дар бораи густариши ҳамкориҳои дукишвар дар заминаи мухталиф гуфтугӯ ва табодули назар кард.

Бештар бихонед:

 

Барчасп