Бозтоби сафари раисиҷумҳури Эрон дар расонаҳои чинӣ+видео
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i98522-Бозтоби_сафари_раисиҷумҳури_Эрон_дар_расонаҳои_чинӣ_видео
Сафари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳайати ҳамроҳ ба Чин, бозтоби зиёде дар расонаҳои чинӣ ва ҳамчунин дар маҳофили хабарӣ, коршиносӣ ва таҳлилӣ дошт.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Феврал 18, 2023 18:14 Asia/Dushanbe

Сафари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳайати ҳамроҳ ба Чин, бозтоби зиёде дар расонаҳои чинӣ ва ҳамчунин дар маҳофили хабарӣ, коршиносӣ ва таҳлилӣ дошт.

Расонаҳои чинӣ имрӯз навиштанд, равобит миёни Чину Эрон ҳар чанд бо фарозу фурӯдҳои рӯбарӯ буд, аммо ду кишвар ба дунболи густариши ҳамкориҳои роҳбурдӣ ҳастанд.

Коршиносони чинӣ гуфтанд, бо ин сафар иҷрои тавофуқномаи 25 сола байни ду кишвар шитоб хоҳад гирифт ва ҳамкориҳои дуҷонибаро ба сатҳи болотаре ҳидоят хоҳад кард.

Сухангӯи вазорати умӯри хориҷаи Чин ҳам ин сафарро як фурсати бисёр муҳим арзёбӣ кард ва гуфт, таҳким ва тавсеаи равобити Чину Эрон интихоби стротежии муштараки онҳост.