Феврал 13, 2023 21:43 Asia/Dushanbe
  • Канъонӣ: Рержими саҳюнистӣ нотавон аз иқдоми низомӣ зидди Эрон аст
    Канъонӣ: Рержими саҳюнистӣ нотавон аз иқдоми низомӣ зидди Эрон аст

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Режими саҳюнистӣ нотавон аз иқдоми низомӣ зидди Эрон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Носири Канъонӣ, сухангуи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон имруз душанбе дар нишасти хабарии ҳафтагӣ дар бораи размоиши низомии режими саҳюнистӣ ва Амрико гуфт: Режими саҳюнистӣ ҷидияти Эронро дар посух ба иқдомоти зиди амниятӣ ва таҷовузкорона борҳо дарёфт кард ва мазаи онро чашида аст.

Канъонӣ афзуд: Амрико муттаҳиди ва ҳомии тамқади режими саҳюнистӣ аст пас бояд посухгуи иқдомоти ин режим бошад.

Сухангуи Вазорати умури хориҷа дар мавриди Парвиз Собити шиканҷагари Совок ва таҷамуъоти зидди инқилоб дар Амрико низ гуфт: Давлатҳои муддаи ҳуқуқи башар табдил ба амндиҳандагони ҷинояткоро шуданд фарди ҷинояткори бо ин собиқа дар қалби кишвари муддаи демократи ҳузур дорад.

Ба гуфтаи Канъонӣ: Дар маҷмуъ ин ҳам яке дигар аз ниҳодҳои душмании Амрико зидди Эрон ва паноҳ додан ба ҷинояткорон аст.

Сухангуи Вазорати умури хориҷа дар бораи даъват нашудани Эрон барои ширкат дар конфронси Муних низ гуфт: Ин иқдом муғоири асли бетарафи аст ба вижа кишвари дар қомати Эрон, ки нақши муҳим ва таъинкунанда ва ғайриқобили инкор дар бахши амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ дорад ва ин иқдом ба маънои муҳосибаи ғалат ва истимрори рафторҳои ғалат аст.

Барчасп