Феврал 16, 2023 18:15 Asia/Dushanbe
  • Боздиди ҳайати тиҷории Узбекистон аз қобилиятҳои сармоягузории моҳипарварии Буруҷирд

Ҳайати тиҷории Узбекистон аз қобилиятҳои сармоягузорӣ дар ҳавзаи моҳипарварии шаҳристони Буруҷирд, устони Луристон, ғарби Эрон боздид кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷаводи Гударзӣ-мудири ҷиҳоди кишоварзии Буруҷирд пас аз боздиди ҳайати тиҷории Узбекистон аз қобилиятҳои сармоягузорӣ дар ҳавзаи шилот(моҳипарвари)и ин шаҳристон гуфт : Зарфиятҳои ҳавзаи шилоти устони Луристон ба хусӯси шаҳристони Буруҷирд фурсате барои тавсеаи равобити иқтисодиву тиҷории 2 кишвар аст . Гударзӣ бо баёни инки бояд аз зарфиятҳои муҳими ин минтақа барои афзоиши мубодилоти тиҷорӣ баҳраи лозим бурда шавад, афзуд : Қобилиятҳои сармоягузории ҳавзаи шилоти шаҳристони Буруҷирд фурсатии муносиб барои кишварҳои осиёие ҳамчун кишвари Узбекистон аст . Муҳаммади Акбарӣ-раиси идораи шилоти шаҳристони Буруҷирд низ гуфт : Равобити ду миллати Эрону Узбекистон дӯстона, бисёр наздик ва дорои иштирокоти фарҳангӣ, динӣ ва иҷтимоии фаровоне аст, ки афзоиши муомилоти тиҷорӣ дар ҳавзаи шилот барои ин кишвар метавонад бисёр ҷаззоб бошад.

 

Барчасп