Феврал 17, 2023 19:59 Asia/Dushanbe
  • Оини шаҳодати Имом Мусои Козим ( ъ ) дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ баргузор шуд

Оини шаҳодати Имом Мусои Козим ( ъ )- набераи паёмбари с бо ҳузури ҷамъи зиёде аз зоирону муҷовирони разавӣ дар ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо ( ъ ) дар Машҳад, шимоли шарқи Эрон, баргузор шуд .

Рӯзи ( панҷшанбе ) 25 раҷаби 1444 ҳиҷрии қамарӣ мусодиф бо 16 феврали 2023, солрӯзи шаҳодати ҳазрати Имом Мусои Козим ( ъ ) буд.
Дар ин рӯзи ҳузнангез шаҳрҳои Машҳаду Қум мамлу аз зоирони дилсӯхтае буд, ки бо чашмони ашкбору дилҳои моломол аз ғаму андӯҳ дар канори марқади Каримаи Аҳли байт ( с )-духтари гиромии Имом Мусои Козим ( ъ ) зимни риояти дастӯруламалҳои беҳдоштӣ ба азодорӣ машғул буданд.

 

Барчасп