Феврал 19, 2023 20:58 Asia/Dushanbe
  • Вазири кишвар: Ҷумҳурии Исломии Эрон мавзӯи муҳокимаи шиканҷагарони давраи паҳлавиро думбол мекунад

Вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон, таъкид кард, шиканҷагирони “Совок”, ва ҳамаи касоне, ки дар давраи паҳлавӣ манобеи молии кишварро ғорат кардаанд, бояд мавриди пайгирӣ қарор гиранд.

Аҳмади Ваҳидӣ, вазир(умури дохила)-и кишвар, дар мавриди пайгирии ҳуқуқӣ барои муҳокимаи касоне, ки дар дастгоҳи саркӯби режими паҳлавӣ буданд ва ин авохир ҳам дар таҷаммуоти зидди инқилоб ширкат мекунанд, гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон ин масъаларо думбол мекунад, вале рӯйкарди давлатҳо ва додгоҳҳои Ғарб ҳимоят аз ин афрод аст.

Ваҳидӣ бо баёни инки теъдоди ин афрод кам нест, гуфт, террористҳое, ки дар кишварҳои ғарбӣ, зиндагӣ мекунанд, мавриди ҳимояти онҳо ҳастанд.

Вай хотирнишон кард, ин масъала баёнгари ҳамон императории дурӯғ ва фиребе аст, ки онҳо ба роҳ андохтаанд; Аз тарафе ба террористҳо паноҳ медиҳанд аз як су муддаии ҳуқуқи башар ҳам ҳастанд.

Ваҳидӣ тасреҳ кард, додгоҳҳои ғарбӣ дар қиболи ин масоил, сиёсӣ бархӯрд мекунанд.

Вазири кишвар афзуд, пулҳое, ки хонаводаи паҳлавӣ сарфи ишрат ва хушгузаронии худ мекунанд ва ҳамчунин дороиҳои мардумро, ки сирқат кардаанд бояд расидагӣ шавад.

 

Барчасп