Хонандагони попи Эрон ба Тоҷикистон мераванд
Мудири кулли дафтари мусиқии Вазорати фарҳангу иршоди исломии Эрон гуфт : Кишварҳои мухталифе аз овозхонони эронӣ барои иҷро даъват карданд, ки Тоҷикистон яке аз онҳост .
Муҳаммади Аллоҳёрӣ, мудири кулли дафтари мусиқии Вазорати фарҳангу иршоди исломии Эрон ҳамзамон бо баргузарии сиюҳаштумин ҷашнвораи мусиқии Фаҷр гуфт : 83 гуруҳ дар ҳоли иҷрои осори худ ҳастанд .
Аллоҳёрӣ афзуд : Дар бахши байналмиллал ҳашт гуруҳ аз кишварҳои Маҷористон, Арманистон, Сербия, Португалия, Русия, Ҳинд,Афғонистон ва Тоҷикистон ҳозир ҳастанд.
Вай бо ишора ба ҷоизаи “Борбад”, ки ҷоизаи бахши риқобатӣ аст, гуфт : Супоридани ин ҷоиза аз 16 мавзӯъ ба 21 мавзӯъ ва ба иҷроҳои саҳнаӣ ҳам расидааст .
Аллоҳёрӣ гуфт : Бахши попу байналмиллал ҳануз рақобатӣ нестанд, аммо аз соли оянда рақобатӣ хоҳанд шуд .
Вай бо ишора ба ҳузури вазири умури хориҷаи Эрон дар ҷашнвора ва аҳамияти эшон ба ҳунар афзуд : Ҳунар, қудрати нарми Эрон аст ва ҳарчӣ фазо барои ҳузури ҳунармандони мо фароҳам шавад паёми сулҳдӯстии мо мунтақил мешавад.
Аллоҳёрӣ таъкид кард : Вазорати хориҷаи Эрон заминаи ҳузури ҳунармандони хориҷиро фароҳам хоҳад кард ва эъзоми ҳунармандон ба ҷашнвораҳои мухталифи африқоӣ ва аврупоӣ низ мавриди тавваҷуҳ аст .
Вай таъкид кард : Мусиқии ақвом низ бо кишварҳое, ки қаробати фарҳангӣ дорем ҳамроҳ бо табодулоти ҳунарӣ низ сурат мегирад . Мубодилоти мусиқӣ бо кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Тоҷикистон дар ҷараён аст ва дар кишварҳое ки омӯзиши забони форсӣ дорем ин амр бештар аст .
Мудири кулли дафтари мусиқии Вазорати иршоди Эрон дар поён гуфт : Дар ҷашнвораи соли баъдӣ уфуқи болотре пешбинӣ мешавад ва рақобати ҳамроҳ бо шӯру ангезаи бештари ҳамроҳ бо осори ҷадид, шомили ду бахши орои мардумӣ ва доварон хоҳад буд .