Канъонӣ : Тағйире дар мавозиъи Эрон бо ҳукумати сарпарастии Афғонистон ба вуҷуд наёмадааст
(last modified Tue, 21 Feb 2023 06:10:05 GMT )
Феврал 21, 2023 11:10 Asia/Dushanbe
  • Канъонӣ : Тағйире дар мавозиъи Эрон бо ҳукумати сарпарастии Афғонистон ба вуҷуд наёмадааст

Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон гуфт, ки ҳеҷ тағйире дар мавозиъи Теҳрон дар чигунагии таъомул бо ҳукумати сарпарастии Афғонистон ба вуҷуд наёмадааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Носири Канъонӣ-сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи тағироти дохилии сафорати Афғонистон дар Теҳрон изҳор кардоёни маъмурияти як дипломату супурдани сарпарастии умӯри сафорат ба дипломати дигар аз ҳамон маҷмӯъаи сафорат ба маънии тағйир дар вазъияти ҳуқуқии он сафорат нест .
Эрон ба унвони кишвари ҳамсояи Афғонистон ва дорои марзи тӯлонӣ бо ин кишвар тавваҷуҳи вижа ба таҳаввулоти Афғонистон дорад .
Равобити хуби мардуми Эрону Афғонистон ва  рафту омади шаҳрвандони афғон ба Эрон ва ҳузур беш аз 4 даҳаи муҳоҷирони афғон дар Эрон сабаб шудааст афғонҳо ба навъе Ҷумҳурии исломии Эронро ватани дувуми худ бидонанд .
Ин вобастагӣ ва таъсирпазирии амиқ сабаб шудааст Эрон бо ҳассосият ва бо эҳтиром ба назару манофеи мардуму давлати Афғонистон таҳаввулоти сиёсӣ ва амниятии ин кишварро пайгирӣ кунад .
Бо шурӯи даврони ҷадиди сиёсӣ дар Афғонистон низ Эрон аз ҳеҷ кумаке ба мардуми он кишвар дареғ накардаву ҳамзамон ба ҳамкории худ бо давлати Толибон барои тавсеаи иқтисодӣ дар сояи амният идома додааст .
Эрон роҳи ҳалли бурӯнрафти Афғонистон аз чолишҳои сиёсӣ ва амниятии ҷориро талоши ҳамаи тарафҳо барои ташкили давлатии фарогир бо мушорикати ҳамаи гуруҳҳои қавмӣ ва мазҳабӣ аз тариқи гуфтугӯҳои байнулафғонӣ ва бидуни мудохилаи хориҷӣ медонад.