Таҳлил- Сӯиистифода аз ожонс барои фишори сиёсӣ бар Эрон
Ғарбиҳо дар идомаи фишорҳои сиёсӣ алайҳи Эрон, бори дигар иддаое беасос дар борат фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаии Эрон матраҳ карданд ап инбор муддаӣ шуданд, уран бо ғинои 84 дарсад дар Эрон шиносоӣ шудааст.
Хабаргузории амрикоии “Bloomberg” дар хабаре муддаӣ шудааст, бозрасони Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ҳафтаи гузашта дар Эрон уран бо ғинои 84 дарсадро шиносоӣ кардаанд. Ожонси байналмилалии энержии атомӣ низ дар вокуниш ба ин хабар эълом кард, ожонс аз гузоришҳои расонаӣ дар бораи сатҳи ғанисозии уран дар Эрон огоҳ аст ва Рафаэл Гросси, мудири кулли ожонс дар ҳоли ройзанӣ бо Эрон дар бораи натоиҷи ростиозмоиҳои ин созмон аст ва ба наҳви муқтазӣ онро ба иттилои Шӯрои ҳуккоми ожонс хоҳад расонд.
Ин дар ҳоле аст, Эрон ҳамвора сатҳи ғанисозии уранро ба иттилои Ожонси байналмилалии энержии атомӣ расондааст ва дар охирин маврид пас аз бадаҳдии мақомоти аврупоӣ ва амрикоӣ ва адами пойбандӣ ва иҷрои БарҶом аз сӯи тарафҳои ғарбӣ, Эрон ба Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ба сӯрати расмӣ иттило дод, ки сентрифугаҳо дар таъсисоти ҳастаии Эрон барои ғанисозии уран то сатҳи хулӯси 60 дарсад пайкарбандӣ шудааст.
Акнун низ Эрон ғанисозӣ болои 60 дарсадӣ надорад ва ончӣ ожонс матраҳ кардааст, марбӯт ба вуҷӯди зарра ё зарроте (particale) аз уран бо ғинои болои 60 дарсад дар маҳали бардошти маҳсӯл аз тариқ намунабурдорист ва ҳамонгуна, ки Беҳрӯз Камолвандӣ, сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон гуфтааст, вуҷӯди ин зарра ё заррот дар фароянди ғанисозӣ ба маънии ғанисозии болои 60 дарсад нест.
Бинобар инбо вуҷуди ҷанҷолофаринӣ аз сӯи расонаҳои ғарбӣ дар ин хусӯс, вуҷӯди қитъаҳои оғушта ба уран беш аз 60 дарсад дар раванди ғанисозӣ, мавзӯи табиӣ буда ва муҳим ин аст, ки маҳсӯли ниҳоӣ ба андозаи беш аз 60 дарсад ғанисозӣ нашудааст.
Воқеият ин аст, ки Ожонси байналмилалии энержии атомӣ токунӯн борҳо таҳти фишорҳои тарафҳои ғарбӣ ва мақомоти режими саҳюнистӣ иддаоҳоеро дар бораи фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаии Эрон матраҳ кардааст, ки албатта ин иддаоҳо бо савобиқи ҳамкорӣ байни Эрону ожонс, созгорӣ надорад, Чаро ки Эрон ҳамвора таомулоти мусбат бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дошта ва дар айни ҳол таъкид кардааст, ин ҳамкориҳо набояд таҳти таъсири фишорҳои сиёсӣ қарор гирад.
Иддаои ҷадид алайҳи барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон нишон медиҳад, ки Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бори дигар бо қарор додани иттилооти фаннӣ ва маҳрамона дар ихтиёри расонаҳои ғарбӣ, нақши абзори фишор алайҳи Эронро ифо мекунад, ки илова бар коҳиши эътибор ва ҷойгоҳи ин ниҳод дар арсаи байналмилалӣ, метавонад бар наҳваи ҳамкориҳои Эрону ожонс низ таъсири манфӣ бигузорад.
Сухангуи Созмони энержии атомӣ низ матолиби мунташир шуда дар хабаргузории “Bloomberg”-ро сиёҳнамоӣ ва таҳрифи ҳақоиқ дониста ва таъкид кардааст: Муттаассифона ожонс табдил ба абзори фишори кишварҳои истикбории режими саҳюнистӣ шудааст, дар ҳоле, ки вазифаи аъзои ожонс муроқибат аз ҷойгоҳи ҳирфаии он аст ва набояд иҷоза диҳанд аз ин созмони байналмилалӣ барои мақосиди сиёсӣ сӯиистифода шавад.