Канъонии Чофӣ: Бархе давлатҳои аврупоии ноқизи ҳуқуқи байналмилал салоҳияти тавсияи дигаронро надоранд
(last modified Wed, 22 Feb 2023 04:45:27 GMT )
Феврал 22, 2023 09:45 Asia/Dushanbe
  • Канъонии Чофӣ: Бархе давлатҳои аврупоии ноқизи ҳуқуқи байналмилал салоҳияти тавсияи дигаронро надоранд

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон ба мафоди мундариҷ дар баёнияи ахири масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо вокуниш нишон дод ва гуфт: Бархе давлатҳои аврупоӣ салоҳияти тавсияи мавозини ҳуқуқи байналмилал ба дигаронро надоранд.

Ба гузориши идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангуии вазорати умури хориҷа, Носири Канъонии Чофӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба баёнияи ахири мунташира аз сӯи Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷи Иттиҳоди Аврупо афзуд, дар шароите, ки бархе давлатҳои аврупоӣ бо пойбанд набудан ба ҳанҷорҳои ҳуқуқи байналмилал, дар масири нақзи тааҳҳудоти байналмилалӣ ва ҳуқуқи башар гом бармедоранд, салоҳият надоранд, ки мунодии иҷро ва риояти мавозини ҳуқуқи байналмилал ва тавсияи онҳо ба дигар давлатҳо бошанд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Бархе давлатҳои ғарбӣ бар асоси меъёрҳои худсохта ва ғайриқонунии таҳримӣ, шумори қобили таваҷҷуҳе аз шаҳрвандони эрониро ба далоили беасос ва иттиҳомоти беасос, ба шакле худсарона боздошт ва ба зиндонҳои тулонӣ маҳкум ва ё ба кишвари мутахосим мустарид кардаанд.

Канъонии Чофӣ тасреҳ кард: Ин даста аз давлатҳо, аҳкоми сиёсӣ ва ғайри ҳуқуқии додгоҳҳои худро ҷойгузини қавонин ва конвенсияҳои байналмилал карда ва дар ҳоле, ки кӯчактарин таваҷҷуҳе ба ҳуқуқи шаҳрвандони зиндонии дигар кишварҳо надоранд, риёкорона, дигаронро ба риояти онҳо тавсия мекунанд.