Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ : Бунияи қавии мардумии низом ҳуҷҷатро бар ҳамаи масъӯлону уламо тамом кардааст
(last modified 2023-02-23T13:35:52+00:00 )
Феврал 23, 2023 18:35 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ : Бунияи қавии мардумии низом ҳуҷҷатро бар ҳамаи масъӯлону уламо тамом кардааст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дар дидори аъзои Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ таъкид карданд : Бунияи қавии мардумии низом ҳуҷҷатро бар ҳамаи масъӯлону уламо тамом кардааст .

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ имрӯз ( панҷшанбе ) дар дидори аъзои Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ин маҷлиси рафиъ ва бисёр муҳимро намоди дарҳамомехтагии « ҷумҳӯрият » ва « исломият » хонданд ва бо ишора ба ҳузури бебадил, ҳаётӣ ва мустамари мардум дар саҳнаҳои гуногун гуфтанд : Бунияи қавии мардумии низом сарвати миллӣ аст, ки Худованд бо он ҳуҷҷатро бар уламоу ҳамаи масъӯлони низом тамом кардааст ва ҳама бояд дар ҳифзу афзоиши ин сармояи азим бевақфа талош кунем .
Ишон ҷойгоҳ, аҳамият ва ҳассосияти Маҷлиси хубрагонро болотар аз ҳар марказу маҷмӯъае дар низом баршумурданд ва гуфтанд : Ин маҷлис ҳам таъйинкунандаи раҳбарӣ ва ҳам бо муроқибатҳои худ тазминкунандаи  вуҷуду истимрори шароити раҳбарӣ аст, ки чунин ҷойгоҳи азим вазоифи сангинеро мутаваҷҷеҳи аъзои хубрагон мекунад .
Ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ,душманиҳо бо Маҷлиси хубрагонро аз ҷинси душманӣ бо асли Ҷумҳурии исломӣ хонданд ва гуфтанд : Баъзе душманиҳо бо Ҷумҳурии исломӣ марбут ба масоили сиёсӣ ва мавозиъи он дар қиболи мавзӯе монанди Фаластин аст, аммо баъзе душманиҳо бо зоти низом аст .

 

Барчасп