Феврал 26, 2023 10:39 Asia/Dushanbe
  • Нишони биринҷии намояндаи Эрон дар мусобиқоти куштии озоди ренкингдори Миср
    Нишони биринҷии намояндаи Эрон дар мусобиқоти куштии озоди ренкингдори Миср

Намояндаи Эрон дар вазни 97 килограм барандаи нишони биринҷи мусобиқоти куштии озоди Миср шуд.

Мусобиқоти ду вазни аввали рақобатҳои байналмилалии куштии озоди радабандишудаи иттиҳодияи ҷаҳонии кушти марҳалаи дувуми соли 2023 ҷом, Иброҳим Мустафо рузи якшанбе 26 феврали соли 2023 дар шаҳри Искандарияи Миср баргузор шуд.

Амриҳусейни Фирузпур намояндаи Эрон дар мусобиқоти кушти озоди ренкингдори Миср бо пирузи муқобили Музори Мачдлездз аз Украина дар дидори радабанди ба медали биринҷи вазни 97 килограм расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тими мунтахаби куштии озоди Эрон бо 4 куштингир дар мусобиқоти радабандишудаи иттиҳодияи ҷаҳонии куштин дар Миср ширкат карда аст.

Дар мусобиқоти 8 вазни дувум низ имруз якшанбе 3 намояндаи Эрон ба руи тушак мераванд.

Барчасп