Ҷабалӣ: шуҳадои расонаи муқовимат дар ҷибҳаҳои сахт ва нарм бо душман ҷангиданд
Раиси Созмони Садо ва Симои Эрон дар маросими гиромидошти шуҳадои расонаҳои ҷибҳаи муқовимат гуфт, шуҳадои расонаҳои муқовимат дар ҷабҳаҳои сахту нарм бо душман ҷангиданд.
Ба гузориши хабаргузории Пресс. Паймон Ҷабалӣ раиси Созмони Садо ва Симои эрон дар ин маросим изҳор кард, дар моҳҳои ахир дар Эрон ҷанги таркиби дар арсаҳои иқтисодӣ ва гумроҳ кардани афкори умуми мушоҳида шуд аммо мардуми Эрон дар 22 баҳман ба майдон омаданд, ки ин дастоварди муқовимат буд.
Ҷабалӣ бо баёни ин, ки меҳвари муқовимат дар ҳоли инсиҷоми бештар аст афзӯд, муқовимат як дастовард ва на ҳазина аст.
Раиси Созмони Садо ва Симои Эрон ҳамчунин бо ном бурдани бархе аз шуҳадои расонаи муқовимат онҳоро чароғи роҳ хонд ва тасреҳ кард, асҳоби расона пешгомони сарбозони ҷиҳоди ҳастанд.
Ёдоварии шуҳадои расонаҳои ҷибҳаи суқовимат имрӯз (душанбе) бо ҳузӯри мақомоти Оли рутбаи эронӣ ва хориҷӣ, расонаҳои байналмиллалӣ ва хонаводаҳои муаззами шуҳадо аз кишварҳои Эрон, Сурия, Лубнон, Ироқ ва Яман дар Теҳрон оғоз шуд.
Бештар бихонед: