Феврал 28, 2023 18:22 Asia/Dushanbe
  • Амир Абдуллоҳиён дар конфронси халъи силоҳ: Вазъияти кунунии БарҶом суимуҳосиба ва иштибоҳи сиёсати Амрико аст
    Амир Абдуллоҳиён дар конфронси халъи силоҳ: Вазъияти кунунии БарҶом суимуҳосиба ва иштибоҳи сиёсати Амрико аст

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Вазъияти кунунии БарҶом натиҷаи суимуҳсиба ва иштибоҳоти сиёсати давлати Амрико аст.

Ба гузориши ИРНА, Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон рузи сешанбе дар конфронси халъи силоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Женеви Швейтсария афзуд: Масоили маҳдуди боқимонда дар БарҶомро метавон ба осони мавриди барраси қарор дод.

Амир Абдуллоҳиён гуфт: Бо ирода ва ҳусни нияти тарафҳо бедуни ҳаргуна пешшарт ва дар чорчуби гуфтугуҳое, ки анҷом шуда аст БарҶом қобили ҳал буда ва гомҳои ниҳоӣ аз суи аъзо метавонад бардошта шавад.

Вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон барои тадовуми кор то расидан ба ҷамбандии тавофуқи ниҳоӣ омода аст таъкид кард: Амрико бояд ирода ва қудрати тасмимгири барои ҷамъбандии музокироти тулонианҷомшуда дошта бошад.

Барчасп