Март 01, 2023 20:15 Asia/Dushanbe
  • марзбони эронӣ
    марзбони эронӣ

Маркази иттилоърасонии полки марзии Зобул дар устони Систону Балучистон аз узрхоҳии фармондеҳу марзбони аршади дараҷаи яки Афғонистон аз марзбони Ҷумҳурии исломии Эрон хабар дод.

Видеое дар фазои маҷозӣ мунташир шуд, ки аз боздошти як марзбони эронӣ ба дасти неруҳои Толибон ҳикоят мекард.

Ин ҳодиса дар пайи он рӯй дод, ки неруҳои марзбонии Эрон дар минтақаи марзии Нимрӯз дар ҳоли бозрасии як мошини ҳомили колои қочоқ дар марзи Афғонистон ва Эрон буданд, аммо ронандаи ин мошин ба самти марзҳои кишвари Афғонистон фирор кард.

Фирори ронандаи мошин дар ҳоле буд, ки яке аз неруҳои марзбонии Эрон барои бозрасии мошин ба дохили он рафта буд.

Дар пайи ин рӯйдод, неруҳои марзии кишвари Афғонистон мошини  фирориро тавқиф ва сарнишинони онро боздошт карданд, ки марзбони эронӣ низ дар миёни боздоштшудагони Толибон буд.

Бо ин ҳол, сооте пас аз ин ҳодиса ва дар пайи ройзаниҳои мақомоти эронӣ, ин марзбон озод шуд.

Тайи дидори тарафайн, марзбони аршади Афғонистон таъкид кард, ки фарди хатокор танбеҳи инзиботӣ шудааст.

 

 

Барчасп