Март 01, 2023 20:53 Asia/Dushanbe
  • Мавзӯи масмуяти донишомӯзон дар тавзеҳи вазири кишвари Эрон
    Мавзӯи масмуяти донишомӯзон дар тавзеҳи вазири кишвари Эрон

Вазири кишвари Ҷумҳурии исломии Эрон дар мавриди масмумият (заҳролудшавӣ)-и донишомӯзон дар бархе мадориси кишвар таъкид кард, то кунун фарде дар робита бо масмумиятҳо боздошт нашудааст.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷаласаи ҳайати давлат ба вазири кишвар маъмурият дод, ки масмумияти теъдоде аз донишомӯзон дар бархе мадорис решаёбии фаврӣ шавад.

Дар рӯзҳои гузашта теъдоде аз донишомӯзони мадорис дар бархе шаҳрҳои Эрон дучори масмумият шуданд, ки гуруҳҳои арзёбиву тахассусӣ дар ҳоли баррасии иллати моҷарои ин масмумият ҳастанд.

Аҳмади Ваҳидӣ, вазири кишвари Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти хабарӣ дар мавриди масмумияти донишомӯзон дар бархе мадориси кишвар гуфт: Касе дар бораи масмумиятҳо боздошт нашудааст ва ҳеҷ кас ҳам дар масмумиятҳо фалаҷ нашуда ва ин иддао кизб аст.

Ваҳидӣ афзуд, болои 90 дарсади авориз ношӣ аз авомили хориҷӣ набуд, бештар ба хотири стрессҳо, изтиробҳову нигарониҳое буд, ки ба хотири тарҳи ин мавзуъ пеш омада буд.

Вазири кишвари Эрон ҳамчунин гуфт, аворизе мисли сардарду саргиҷаву сӯзиши гулӯ қолаби осебдидагии донишомӯзон буду бештари онҳо бидуни ин ки ниёз ба дармони хосе дошта бошанд, аз марокизи дармонӣ мурраххас шуданд.

Ваҳидӣ хотирнишон кард, ин ки моҷароҷӯии шахсӣ буда ё дохилӣ буда ё ин ки авомили хориҷ аз мадраса буданд, ҳанӯз дар ҳоли баррасӣ аст, ҳамчунон кори дастгоҳҳои иттилоотӣ идома дорад.

 

Барчасп