Ҳузури уламои шиа ва суннии Эрон дар оромгоҳи Имом Абуҳанифа (раҳ)
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i9910-Ҳузури_уламои_шиа_ва_суннии_Эрон_дар_оромгоҳи_Имом_Абуҳанифа_(раҳ)
Уламои динии шиа ва суннии Эрон, ки ба Ироқ сафар кардаанд аз оромгоҳи имом Абуҳанифа (раҳ)дар шаҳри Бағдод дидан карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 17, 2016 14:55 Asia/Dushanbe

Уламои динии шиа ва суннии Эрон, ки ба Ироқ сафар кардаанд аз оромгоҳи имом Абуҳанифа (раҳ)дар шаҳри Бағдод дидан карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, ҷамъе аз уламои динии шиа ва суннии эронӣ, ки ба муносибати "Ҳафтаи ваҳдат" ба Ироқ сафар кардаанд, дар нахустин барномаи сафари худ оромгоҳи имом Абуҳанифа (раҳ) дар Бағдодро зиёрат карданд.

 Уламои Ҷуҳмурии Исломии Эрон сипас бо бузургон ва уламои аҳли суннати Ироқ дидор ва гуфтугӯ карданд.

Уламои ироқӣ низ аз ҳузури бародарони эронии худ дар Ироқ, ибрози хурсандӣ карданд.

Ин дидорҳо дар ҳоле дар Ироқ баргузор мешавад, ки ин рӯзҳо мардуми ин кишвар аз шиа, суннӣ ва пайравони дигар адёни дар ҳоли мубориза бо террористҳои ДИИШ ҳастанд.

Уламои шиа ва суннии эронӣ ва ироқи имрӯз ҳамчунин дар шаҳри Наҷафи ашраф дар маросими рӯнамоӣ аз гунбади ҷадиди ҳарами ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб (ъ) ширкат хоҳанд кард.