Март 03, 2023 16:27 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Мардуми Эрон дар арсаҳои мухталиф шиори “Мо метавонем” - ро ба марҳилаи иҷро гузошт
    Раисӣ: Мардуми Эрон дар арсаҳои мухталиф шиори “Мо метавонем” - ро ба марҳилаи иҷро гузошт

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин ки душманони Эрон ҷанги таркибиро зидди мардум дар пеш гирифтаанд, гуфт: Иродаи миллати Эрон тамоми ҳарбаҳои душманонро хунсо кардааст.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҷумъа дар иҷтимои мардуми шаҳристони Даштии устони Бушеҳр (ҷануби Эрон), бо баёни ин ки имрӯз он чӣ миллати Эрон аз он бархӯрдоранд, истиқлолу озодӣ ва низоме аст, ки мубтанӣ бар раъйи мардум ва мардумсолории динӣ аст, афзуд: Мардуми Эрон дар арсаҳои мухталиф шиори “Мо метавонем” - ро ба марҳилаи иҷро гузошта ва бо иродаву мусаммам ба дунболи иззат ва истиқлол ҳастанд.

Раисӣ бо баёни ин ки қудрати миллат таҳримҳо ва таҳдидҳову ҷанги низомии 8 соларо шикаст доду истикбори ҷаҳониро ҳайратзада кардааст, тасреҳ кард: Ҷанги таркибии душман бо ҳадафи таваққуфи қатори пешрафти Эрони исломӣ дар ҳавзаҳои низомиву иқтисодӣ шикаст хӯрд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба ҷанги расонаии душман барои эҷоди стрессу дилҳура миёни донишомӯзону хонаводаҳои онҳо гуфт: Дар мавзӯи пешомада дар мадорис вазири иттилооту вазири кишварро маъмур кардам, дар асраъи вақт пайгирӣ кунанду гузоришотро ба таври комил дар ихтиёри мардум қарор диҳанд.

Дар рӯзҳои гузашта теъдоде аз донишомӯзони мадорис дар бархе шаҳрҳои Эрон дучори масмумият шуданд, ки гуруҳҳои арзёбиву тахассусӣ дар ҳоли баррасии иллати моҷарои ин масмумият ҳастанд.

 

Барчасп