Март 04, 2023 13:44 Asia/Dushanbe
  • Грросӣ : Омода ҳастем, ки корро ба пеш бибарем

Мудири кули Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бо баёни инки омода ҳастем, ки корро бо Эрон ба пеш бибарем, гуфт : Мо ба ҳамроҳи Эрон бояд дар хусӯси бархе масоил шафофиятсозӣ кунем ва тазминҳову итминонҳое бобати барномаи ҳастае Ҷумҳурии исломии Эрон қарор дода шавад, ҳамкорӣ кунем .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Рафаэл Гросси рӯзи шанбе дар нишасти хабарии худ дар Теҳрон, ки пас аз дуюмин даври музокироташ бо раиси Созмони энержии атомӣ анҷом шуд, изҳор дошт : Хушҳолам ки ба Теҳрон баргаштам ; дар ин дидори бисёр муҳим ҳамон тавр, ки оқои муовини раиси ҷумҳӯри хизмати шумо тавзеҳ доданд  омода ҳастем, ки корро пеш бибарем, дишаб ин фурсату ифтихорро доштам то дар ҷаласае бо ҳузури донишмандони нухбаи эронӣ ширкат кунам, ки ҷаласаи бисёр таъсиргузоре барои ман буд .
Вай бо баёни инки музокироташ бо Эрон аз дируз оғоз шудаву имрӯз низ идома ёфтааст; дар бораи ҷузъиёти ин музокирот гуфт : ду масъала бисёр муҳимаст ; масъалаи аввал инки ки таваққуъот болост ; ҳузури шумо ки ин ҳамаи теъдод аз матбӯот дар ӣнҷо ҳузур доранд нишондиҳандаи ин аст, ки чи қадр ин масъала аҳамият дорад .
Вай бо баёни инки ин таваққуъу алоқамандии боло дар сатҳи ҷаҳон низ дида мешавад, афзуд : Дар хусӯси кори муштараки мову Ҷумҳурии исломии Эрон ки дорем ба пеш мебарем, дар бораи масоиле аст, ки мо ба ҳамроҳи Эрон бояд дар хусӯси онҳо шафофиятсозӣ кунему тазминҳову итминонҳое бобати барномаи ҳастаии Ҷумҳурии исломии Эрон қарор дода шавад, ҳамкорӣ кунем .
Грросӣ изҳор дошт : Бахши дувум, ки бисёр ҳам муҳим аст, марбут ба ҳамкориҳои фаннӣ ва илмӣ аст, ки метавонад байни Ҷумҳурии исломии Эрону ожонс анҷом шавад . Ман шаби гузашта дар ҷаласа бо оқои Исломӣ дар ин хусӯс баҳс кардам ва қарор аст ки як рӯйдоде ки дар солҳои гузашта баргузор мешудааст, дар оянда ба сурати байналмилалӣ баргузор шавад ва инки читур ожонс метавонад ба он кумак кунад ва аз он ҳимоят кунад .

   

Бештар бихонед

Барчасп