Март 06, 2023 13:45 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Толибон аз эҷоди маркази тиҷории Эрон дар Кобул
    Истиқболи Толибон аз эҷоди маркази тиҷории Эрон дар Кобул

Муовини утоқи тиҷорати Афғонистон бо истиқбол аз эҷоди марказм тиҷории Эрон дар Кобул, бар истифода аз фанновариҳои Эрон дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ ва кишоварзии Афғонистон таъкид кард.

Маркази бузурги тиҷории Эрон дар Кобул рӯзи якшанбе ба таври расми бо ҳузӯри мақомҳои ҳукумати Толибон ва мақомҳои сиёсӣ ва иқтисодии Эрон дар Кобул ифтитоҳ шуд.

Эҷоди маркази тиҷории Эрон дар Кобул

Ҳафт ҳазор метри мурабаъ барои ширкатҳои  эронӣ дар маркази тиҷории Эрон дар Афғонистон ихтисос ёфтааст. Ироаи хадамоти мушовираи ҳуқуқӣ, тиҷорӣ, кумак ба имзои қарордодҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ, ироаи хадамоти бима, ҳамлу нақл ва тадорукот дар ин маркази тиҷорӣ таъриф шудааст.

Хайриддинм Мойл муовини утоқи тиҷорати Афғонистон дар посӯх ба саволи хабарнигори Эрон Пресс дар Кобул гуфт, эҷоди маркази тиҷории Эрон дар Афғонистон гоми муҳиме дар масири тавсиаи содирот, тиҷорат ва ҳамкориҳои иқтисодӣ аст.

Ин мақоми Толибон афзӯд, марказӣ тиҷории Эрон дар Афғонистон ба унвони пули иртиботи байни тавлидкунандагон, содиркунандагон ва масрафкунандагон амал хоҳад кард.

Раиси утоқи кишоварзӣ ва домпизишкӣ ва домпарварии Афғонистон низ гуфт, гушоиши маркази тиҷории Эрон дар Кобул, гоми муҳим  ва арзанда аст.

Хонмуҳаммади Фурутан, дар посӯх ба саволи хабарнигори Эрон Пресс изҳор кард, дар кишваре,ки 40 сол даргири ҷанг будааст. Ифтитоҳи маркази тиҷории Эрон дар Афғонистон, аҳамияти вижае дорад.

Фарҳоди Тақавиманиш узви ҳайати ширкати Рушди  Саноъеи Эрон ҳам дар гуфтугӯи ихтисоси бо Эрон Пресс гуфт, ифтитоҳи маркази тиҷории Эрон дар Афғонистон ба ҳузӯри ҳарчӣ бештари бахши хусусӣ ва ширкатҳои эронӣ дар бозори Афғонистон кумак мекунад.