Раисӣ: Эрон дар тавлиди беш аз 97 дарсади доруҳо ба худкифоӣ расидааст
(last modified Wed, 08 Mar 2023 14:46:57 GMT )
Март 08, 2023 19:46 Asia/Dushanbe
  • Сайид Иброҳими Раисӣ
    Сайид Иброҳими Раисӣ

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, Эрон дар тавлиди беш аз 97 дарсади доруҳои мавриди ниёзи беморон ба худкифоӣ расидааст.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон Пресс”, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон субҳи рӯзи чаҳоршанбе, мусодиф бо солрӯзи мелоди босаодати Имоми замон (аҷ) дар маросими ифтитоҳи расмии калонбемористони ҳушманди ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) ба иқдомот ва дастовардҳои ширкатҳои донишбунёни Эрон дар ҳавзаи таҷҳизоти пизишкӣ ишора карду афзуд: Дастовардҳои кишвар дар ҳавзаи тавлиди таҷҳизоти пизишкии донишбунён ифтихоромез аст.

Калонбемористони ҳушманди ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) имрӯз – чаҳоршанбе, бо ҳузури раисиҷумҳур ва вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ифтитоҳ шуд.