Тавофуқи Эрону Арабистон барои азсаргирии равобити дуҷониба
(last modified Fri, 10 Mar 2023 13:31:43 GMT )
Март 10, 2023 18:31 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи ҳамкории Эрону Арабистон
    Тавофуқи ҳамкории Эрону Арабистон

Ҷумҳурии исломии Эрон ва Арабистони Саудӣ барои азсаргирии равобити дуҷониба ва оғоз ба кори дубораи сафоратхонаҳои ду кишвар тавофуқ карданд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, пас аз сафари моҳи феврали Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Пекин, амири дарёбон Алии Шамхонӣ, дабири Шурои олии амнияти миллии Эрон аз душанбеи шашуми март бо ҳадафи пайгирии тавофуқоти сафари раиси ҷумҳурии Эрон, музокироти фишурдаеро ба манзури ҳаллу фасли ниҳоии мавзуоти фимобайни Теҳрон - Риёз бо дабири Шурои олии амнияти миллии Арабистон дар Чин оғоз кард.

Дар поёни музокироти Эрону Арабистон имрӯз – ҷумъа, 10 март баёнияи сеҷонибае дар Пекин бо имзои Алии Шамхонӣ, дабири Шурои олии амнияти миллии Эрон, Мусоид бин Муҳаммад, вазири мушовир ва узви Шурои вазирону мушовири амнияти миллии Арабистони Саудӣ ва Ванг Йи, узви дафтари сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби кумунист ва раиси дафтари комиссияи марказии умури хориҷии ҳизб ва узви Шурои давлатии Ҷумҳурии халқи Чин содир шуд.