Март 11, 2023 12:03 Asia/Dushanbe
  • Оғози нахустин давраи бозиҳои байналмилалии Наврӯз, вижаи бонувон дар Теҳрон

Нахустин давраи бозиҳои байналмилалии Наврӯз, вижаи бонувон бо шиори « Варзиш, маънавият, адолат » барои аввалин бор дар Эрон ва бо ҳузури кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ифтитоҳ шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Марями Козимипур-сухангӯи нахустин давраи  бозиҳои байналмилалии Наврӯз вижаи бонувон дар маросими ифтитоҳияи ин бозиҳо дар салони баскетболи маҷмӯъаи варзишии озодии Теҳрон изҳор кард: Духтарони варзишкору қаҳрамон аз манотиқи мухталифи ҷаҳон ба муносибати ин рӯйдоди беназир дар 9 риштаи варзишӣ шомили кабидӣ, ҷуду, саворкорӣ, дав ва майдонӣ, вазнабардорӣ,карате,футзал, шамшербозӣ ва чавгон ба рақобат мепардозанд .
Козимипур бо баёни инки дар ин давра аз мусобиқоти 378 варзишкори хориҷӣ ва 225 варзишкори эронӣ аз 20 кишвар дар радаҳои мухталифи суннӣ ҳузур доранд тасреҳ кард: Ҳадаф аз баргузории ин давра аз мусобиқоти тавсеаи пойдори варзиши бонувон таъомулу баҳрагирӣ аз зарфияти кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар ростои иртиқои рушди камӣ  кайфии варзиши бонувону боландагӣ  шукӯфои варзиши бонувон бавижа дар ҳавзаи фарҳангӣ ва ҳувиятӣ аст.
Муҳаммади Мухбир-муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон низ дар ин маросим бо баёни инки Наврӯз-ҷузви идҳои миллӣ, тамаддунӣ ва минтақаӣ дар бахши бузурге аз кишварҳои дунё аст, аз тамоми масъӯлону ҷомеъаи варзишии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз хост, то бо барномарезии муносибу баргузории солона, ин рӯйдоди бузург дар тақвими варзишии дунё сабт ва такрор шавад .
Мухбир таъкид кард баргузории чунин рӯйдоде посухи кишварҳо ва муддаиёнеро медиҳад, ки мехоҳанд ҷойгоҳи занро ба гӯнае илқо кунанд ки зиндагии хонаводагии онон дар таъоруз бо ҳузури иҷтимоӣ, сиёсӣ ва илмии занон аст .
Гуфтанӣ аст нахустин давраи бозиҳои байналмилалии Наврӯз, вижаи бонувон, ки аз шомгоҳи ҷумъа оғоз шудааст то 14 март идома дорад .

 

Барчасп