Мақоми афғонистонӣ : Алоқамандем аз донишу таҷрибаҳои Эрон барои пешрафти Афғонистон истифода кунем
Вазири саноъат, иқтисод ва тиҷорати Афғонистон таъкид кард : Алоқамандем аз донишу таҷрибаҳои Эрон барои пешрафти Афғонистон истифода кунем.
Ҳайати 12 нафара ба сарпарастии Нуриддини Азизӣ-вазири саноъат, иқтисод ва тиҷорати Афғонистон имрӯз ( шанбе ) вориди марзи Дуғорун шуд ва мавриди истиқболи мақомоти устони Хуросони разавӣ қарор гирифт .
Гузаргоҳи заминии Дуғорун - Исломқалъа дар фосилаи 250 километрии аз Машҳади муқаддас ، ва 120 километрӣ аз шаҳри Ҳироти Афғонистон қарор дорад .
Нуриддини Азизӣ дар вуруд ба хоки Эрон бар густариши ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар таъкид кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, боздид аз минтақаи вижаи иқтисодӣ, гумрук, поёна ва бозорчаи марзии Дуғорун аз барномаҳои сафари вазири саноъату тиҷорати Афғонистон аст .
Ҳайати афғонистонӣ ҳамчунин қарор аст дар ҷаласае бо ҳузури масъулони сиёсӣ ва тиҷории Эрону Афғонистон дар бораи масоили дуҷониба баҳсу табодули назар кунанд .