Густариши ҳамкории Эрон ва Тоҷикистон дар ҳавзаи гардишгарӣ
(last modified Sat, 11 Mar 2023 15:50:23 GMT )
Март 11, 2023 20:50 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкории Эрон ва Тоҷикистон дар ҳавзаи гардишгарӣ

Сафири Эрон дар Душанбе ва раиси Созмони гардишгарии Тоҷикистон дар бораи роҳҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар ҳавзаи гардишгарӣ, ройзанӣ карданд.

Дар дидори Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва Камолиддин Муминзод, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси иҷрои ёддошти тафоҳуми ҳамкории ду кишвар гуфтугӯ ва табодули назар шуд.

Собирӣ ва Муминзод дар ин дидор бо ишора ба иштирокот ва пайвандҳои фаровон ва фазои мусбати ҳоким бар равобити ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Эрон ва Тоҷикистон, бар густариши беш аз пеши муносибот дар ҳавзаи гардишгарӣ ва тасҳили сафари атбои ду кишвар ва гардишгарон таъкид карданд.

Пас аз истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 сентябри 1991, Ҷумҳурии Исломии Эрон аввалин кишваре буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафорати худро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ кард.

Бо вуҷуди онки Тоҷикистон ҳамсояи Эрон маҳсуб намешавад, аммо ду кишвар пайвандҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва забонии фаровоне доранд.