Кашфи шабакаҳову таҷҳизоти харобкорӣ дар Эрон
Вазорати иттилооти Эрон аз кашфи шабакаҳову таҷҳизоти харобкорӣ барои амалиёт дар шаби чаҳоршанбеи охири сол ( чаҳоршанбесурӣ ) хабар дод .
Чаҳоршанбесурӣ, як ҷашни баҳорӣ дар Эрон аст, ки пеш аз расидани Наврӯз баргузор мешавад, ки бо номҳои ҷашни чаҳоршанбеи охири солу шаби чаҳоршанбеи сурх низ шинохта мешавад .
Мардум дар ин рӯз барои дафъи шарру бало ва бароварда шудани орзуҳояшон маросимеро баргузор мекунанд, ки решааш ба қарнҳо пеш боз мегардад .
Ба гузориши ИРНА, дар иттилоъияи Вазорати иттилооти Эрон омадааст ба дунболи дарёфти иттилооти муътабар дар хусӯси вуҷуди тавтеъаҳои чандгона барои анҷоми иқдомоти террористӣ ва харобкорона дар шабҳои мунтаҳӣ ба чаҳоршанбеи охири сол, неруҳои амниятии Эрон дар рӯзҳои гузашта бо бакоргирии анвоъи шеваҳои радёбии иттилоотӣ, амниятӣ ва фаннӣ муваффақ ба шиносоӣ ва боздошти чандин тими террористӣ ва кашфи анвоъи мавод ва абзорҳои инфиҷорӣ, норинҷакҳои дастӣ ва хумпораҳои дастсоз шуданд .
Шиносоӣ ва боздошти тими 21 нафара аз аносири вобаста ба гурӯҳаки террористии мунофиқин дар Теҳрон, шиносоӣ ва боздошти як ҳастаи вобаста ба гурӯҳакҳои террористии мунофиқин ва шабакаи ҳамкори он дар Машҳади муқаддас ва кашфи теъдоди 300 норинҷаки дастисоз, кашфи теъдоди 162 норанҷики дастисоз, бесим ва миқдори фаровони маводи аввалияи тавлиди норинҷак дар яке аз шаҳрҳои ғарби Эрон, дастгирии авомили аслии таҳияи маводи пешсози бомба дар он шаҳристон ва муртабитини онҳо дар Теҳрон, боздошти аносири гурӯҳаки террористии мунҳалаи Демократ, бахше аз иқдомоти Вазорати иттилооти Эрон дар ин иттилоъия аст .
Вазорати иттилооти Эрон дар ин иттилоъия тасреҳ кард муттаҳамини боздоштшуда иқдомоти харобкоронае ҳамчун оташ задани амволи умумӣ, ба вижаи автобусҳо дар чаҳорроҳҳои шулуғ ва тахриби амволи хусусӣ ва партоби хумпораҳои дастисозро дар барнома доштанд, ки бо талоши неруҳои амниятии Эрони ноком монданд.