Ҳушдори вуқуъи селоб дар 21 вилояти Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i100154-Ҳушдори_вуқуъи_селоб_дар_21_вилояти_Афғонистон
Давлати муваққати Толибон дар мавриди эҳтимоли вуқуъи селоб дар 21 вилояти Афғонистон ҳушдор дод .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 26, 2023 17:59 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори вуқуъи селоб дар 21 вилояти Афғонистон

Давлати муваққати Толибон дар мавриди эҳтимоли вуқуъи селоб дар 21 вилояти Афғонистон ҳушдор дод .

Бориши шадиди борону барф ва ҷорӣ шудани сел дар Афғонистон дар рӯзҳои ахир хисороти ҷонӣ ва молӣ барҷой гузоштааст . Дар чунин шароите манобеи огоҳ дар Афғонистон барои дуюмин бор дар рӯзҳои ахир дар мавриди вуқуъи сел дар манотиқи васеъе дар ин кишвар ҳушдор додаанд .
Ба гузориши хабаргузории Садои Афғон,، равобити умумии Вазорати энержӣ ва оби давлати муваққати Толибон имрӯз якшанбе дар мавриди эҳтимоли вуқуъи селобҳои ногаҳонӣ дар бархе аз вилоятҳо ҳушдор додааст .
Аз сокинони ин вилоятҳо дархост шудааст аз наздик шудан ба канори рӯдхонаҳо худдорӣ кунанд .