Афзоиши омӯзиши онлайн барои донишомӯзони духтар дар Афғонистон
(last modified Wed, 29 Mar 2023 08:08:22 GMT )
Март 29, 2023 13:08 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши омӯзиши онлайн барои донишомӯзони духтар дар Афғонистон

Ба дунболи маҳдӯдиятҳои омӯзишӣ барои бархе мақотеъи таҳсилии духтарона дар Афғонистон, бархе расонаҳо аз афзоиши ниҳодҳо ва муассисоти омӯзишии онлайн дар ин кишвар хабар медиҳанд.

Дар ҳоли ҳозир бисёре аз ниҳодҳои омӯзишӣ дар талош барои ҷуброни халаи омӯзиши таҳсилӣ дар Афғонистон фаъол шудаанд ва аз тарафе занону духтарони афғон ногузир ба фарогирии омӯзиш аз роҳи барномаҳои онлайнӣ ҳастанд, ки тавассути ин навъ муассисоту омӯзишгоҳҳо ироа мешавад.

Бисёре аз мутақозиёни ин давраҳои омӯзиширо муҳассилони хонум ташкил медиҳанд. Гуфта мешавад, дар баъзе аз синфҳои ғайриҳузурии онлайн дар Афғонистон аз 50 нафар дар соли 2021 ба 500 нафар дар ҳоли ҳозир афзоиш ёфтааст.

Бар асоси бархе додаҳои омории мунташир шуда дар ҳоли ҳозир беш аз 90 дарсади ҷамъияти кишвари Афғонистон зери хати фақр ба сар мебаранд, ки ҳамин масаъла сабаб шудааст дар мавориди бисёре духтарони донишомӯзу донишҷӯ тавон идомаи таҳсил ба сӯрати онлайнро надошта бошанд ва аз сӯи дигар барои ҳамаи шогирдон имкони хариди васоили омӯзишӣ ва соири лавозими мавриди ниёзи дарсҳои онлайн имконпазир набошад.

Дар ҳоле, ки маҳдӯдиятҳои эълом шуда аз сӯи ҳукумати Афғонистон барои омӯзиши духтарон дар мақотеъи мутавассита ва олӣ бо интиқодҳои паёпайи дигар кишварҳо, аз ҷумлаи Созмони милали ҳамроҳ шудааст, давлати Кобул мегуяд, ба омӯзиши тамомии шаҳрвандони афғон мутааҳҳид аст, аз ин рӯ, маҳдӯдиятҳои вазъ шуда муваққат буда ва бо омодасозии бархе заминаҳо бори дигар духтарони афғон метавонанд ба амри таҳсил дар мақотеъи болотар идома диҳанд.

 

Барчасп