Апрел 05, 2023 16:07 Asia/Dushanbe
  • 28 миллиарддоллар сармоягузории хориҷӣ дар Қазоқистон дар соли 2022

Барои нахустинбор тайи 10 соли гузашта, мизони нохолиси сармоягузории мустақими хориҷӣ дар Қазоқистон ба 28 миллиарддоллар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вазорати умури хориҷаи Қазоқистон эълом кард, ин маблағи 17.7 дарсад бештар аз соли 2021 (23.8 миллиард доллар) аст. Шоён зикр аст, ки Ҳоланд бо 8.3 миллиарддоллар, Иёлоти муттаҳида бо 5.1 миллиард доллар, Швейтсария бо 2.8 миллиард доллар, Белгия бо 1.6 миллиард доллар, Русия бо 1.5 миллиард доллар, Кореяи Ҷанубӣ бо 1.5 миллиард доллар, Чин бо 1.4 миллиард доллар, Фаронса бо 770 миллион доллар, Британия бо 661 миллион доллар ва Олмон бо 469. 5 миллион доллар бештарин сармоягузориро дар ин кишвар доштанд.

Ин сармоягузориҳо бештар дар бахши саноати маъдан - 12.1 миллиард доллар, тавлид - 5.6 миллиард доллар, тиҷорати умда ва хурдафурӯшӣ 5.1 миллиард доллар, фаъолиятҳои ҳирфаӣ, илмӣ ва фаннӣ - 1.2 миллиард доллар, ҳамлу нақл ва анбордорӣ - 1.2 миллиарддоллар сӯрат гирифтааст.

 

Барчасп