Мамнӯъияти вуруд ба ресторанҳои рубоз дар Ҳироти Афғонистон
(last modified Tue, 11 Apr 2023 04:31:23 GMT )
Апрел 11, 2023 09:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳукумати Толибон вуруди хонаводаҳову занонро ба боғ-ресторанҳо дар Ҳирот мамнӯъ кард
    Ҳукумати Толибон вуруди хонаводаҳову занонро ба боғ-ресторанҳо дар Ҳирот мамнӯъ кард

Ҳукумати Толибон вуруди хонаводаҳоу занонро ба боғ-ресторанҳо дар Ҳирот, воқеъ дар шимолу ғарби Афғонистон мамнӯъ кард .

Ин ҷадидтарин иқдоми ҳукумати Толибон барои эҷоди маҳдудиятҳо аз замони рӯйи кор омаданаш дар Афғонистон дар соли 2021 аст .
Масъӯлони Толибони Афғонистон мегӯянд маҳдӯдиятҳои ҷадид ба далели мухталит будани занону мардон ва инки занон дар ин маконҳо ҳиҷобро ба сурати дуруст намепушеданд, ҷорӣ шудааст .
Ба гузориши Русия алявм, Бозмуҳаммад Назир, муовини раиси мудӣрияти амр ба маърӯф ва наҳйӣ аз мункари ҳукумати Толибон дар Ҳирот гуфт : Ин тасмим дар мавриди ресторанҳои дорои фазои сабз ҳамчун боғҳо аст, ки занон ва мардон метавонанд дар онҷо якдигарро бибинанд .

 Ин мақоми Толибон ҳамчунин афзуд  : Баъд аз шикоятҳои зиёд аз сӯи уламову шаҳрвандон мо маҳдӯдиятҳои ҷадидиро ҷорӣ карда ва ин ресторанҳоро бастем.

Вай дар идома гузоришҳои расонаӣ мабнӣ бар мамнӯъияти вуруди хонаводаҳову занон ба тамоми ресторанҳоро такзиб кард ва ин ахборро дуруғин хонд .
То кунун ин мамнӯъият дар мавриди хӯрдани ғизо дар ҳавои боз фақат дар Ҳирот ҷорӣ шудааст.

Бештар бихонед :