Тасвиби тавофуқномаи эҷоди сомонаи дифои ҳавоии муштарак миёни Қирғизистону Русия
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i100762-Тасвиби_тавофуқномаи_эҷоди_сомонаи_дифои_ҳавоии_муштарак_миёни_Қирғизистону_Русия
Михаили Мишустин-нахуствазири Русия гуфт : Маскав тавофуқномаи эҷоди як сомонаи дифои ҳавоии минтақаӣ бо Қирғизистонро тасвиб кардааст .
(last modified 2026-05-23T15:56:08+00:00 )
Апрел 11, 2023 06:15 Asia/Dushanbe
  • Мишустин : Маскав тавофуқномаи эҷоди сомонаи дифои ҳавои минтақаӣ бо Қирғизистонро тасвиб кард
    Мишустин : Маскав тавофуқномаи эҷоди сомонаи дифои ҳавои минтақаӣ бо Қирғизистонро тасвиб кард

Михаили Мишустин-нахуствазири Русия гуфт : Маскав тавофуқномаи эҷоди як сомонаи дифои ҳавоии минтақаӣ бо Қирғизистонро тасвиб кардааст .

Ба гузориши ИРНА, Мишустин душанбе дар баёнияе гуфт : Давлати Русия ин мусаввабаро барои касби таъйиди Владимир Путин-раиси Ҷумҳурии Русия ва тасвиб дар Дума ирсол кард.
Тавофуқномаи эҷоди сомонаи дифои ҳавоии муштарак миёни Қирғизистону Русия 16 августи 2022 ба имзо расид.
Вазорати энержии Қирғизистону ширкати Рос-Атоми Русия пештар низ тавофуқномае дар бораи сохти як нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Қирғизистон имзо карданд.

Содир Ҷабборов-раиси Ҷумҳурии Қирғизистон соли гузашта дар нахустин иҷлоси муштараки Осиёи марказӣ ва Русия дар Остона бар аҳамияти гуфтугуи сиёсии миёни ду тараф таъкид кард .
Вай тасреҳ кард ин кишвар алоқаманд ба афзоиши тадриҷии ҳамкорӣ дар қолаби тарҳи «Осиёи марказӣ - Русия » бо ҳадафи тавсеаи ҳамкориҳои муштарак дар заминаи тиҷорат, иқтисод, ҳамлу нақл, энержӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ, фаъолиятҳои башардӯстона ва умӯри муҳоҷиратӣ аст .
Ҷабборов ҳамчунин бар лузӯми ҳифзи як гуфтугуи сиёсӣ ва ёфтани роҳҳои қобили қабул барои ҳалли масойили фаврӣ ва тавсеаи манофеъ дар созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақаӣ ишора кард .


 Бештар бихонед :